Ғалабаи варзишкори тоҷик бар ҳарифи русӣ
(last modified Sat, 12 Jun 2021 11:30:15 GMT )
Июн 12, 2021 16:30 Asia/Dushanbe
  • Ғалабаи варзишкори тоҷик бар ҳарифи русӣ

Вазишкори саршиноси тоҷикистонӣ дар мусобиқоти варзишҳои размии ҳирфаӣ, ҳарифи руси худро шикаст дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта PFL Аҳмад Алиев, ҳарифи доғистонияшро мағлуб кард.

Набарди Лоиқ Раҷабов дар доираи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта PFL шоми 10-уми июн дар Амрико баргузор шуд.

Рақобат миёни Раҷабов ва Алиев аз дақиқаҳои аввал барқвор шурӯъ шуда, бо зарбаҳои пайдарпайи варзишгари тоҷик ва пирӯзияш дар давоми 27 сония хотима ёфт.

Ҳамин тавр Раҷабов бо шаш имтиёз дар пас аз ин пирӯзӣ ба даврии баъдии мусобиқаи PFL роҳ меёбад, ки дар он ҷой ӯро набард бо Оливей Обини конодоӣ интизор аст.

Варзишкори тоҷик дар рақобати қаблияш бо Алекс Мартинеси парагвайӣ дидор кард, ки доварон бо натиҷаи холҳо пирӯзиро ба Мартинес доданд. Варзишкори тоҷик ва тимаш аз ин баҳои ҳакамон изҳори норозигӣ карда буданд.

Раҷабов бо лақаби "Jaguar Paw” ҳамакнун 14 ғалаба — 3 бохт ва 1 мусовӣ дорад.

Ӯ дар Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта - PFL ҳафтумин рақобаташро гузаронда, то ҳол , 3 ғалаба, 3 бохт ва 1 мусовӣ ба даст овард.

Бештар бихонед: