Боздиди ширктакунандагони Анҷумани занони СҲШ аз Қалъаи Ҳисор
(last modified Sat, 12 Jun 2021 13:10:01 GMT )
Июн 12, 2021 18:10 Asia/Dushanbe
  • Боздиди ширктакунандагони Анҷумани занони СҲШ аз Қалъаи Ҳисор

Ширкаткунандагони сеюмин Анҷумани занони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай(СҲА) аз Қалъаи Ҳисор боздид карданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар меҳмонон нахуст Осорхонаи Қалъаи Ҳисорро тамошо карда,  бо фарҳанги қадимаи халқи тоҷик  аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.  Онҳо дар ин Осорхона  бо намунаи либосҳои мардонаву занонаи қадимаи миллати тоҷик, асбобҳои рӯзгор ва дигар маҳсули ҳунарҳои мардумӣ шинос шуда, зикр карданд, ки ин ёдгориҳо бозгӯи ба ҳам қаробат доштани урфу одат ва анъанаҳои миллатҳои дар Осиёи Миёна сукунатдошта мебошанд.

Ҷавоҳир Акобирова, сардори шӯъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Қумитаи кор бо занон ва оила гуфт, дар 3-юмин Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай лоиаҳои Изҳороти муштараки иштирокчиёни ин чорабинӣ ва Нақшаи Амалиёт муҳокима ва омода гардид. Инчунин иштирокдорон барои ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ оид ба такмили механизми миллии пешрафтаи занон дар ҳар як кишвари узви Созмон оид ба рушди соҳибкории занон, афзоиши ҳиссаи занон дар шумораи роҳбарони корхонаҳо ва саҳҳомони ширкатҳои калон, оид ба коҳиш додани ҳама гуна навъи зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон дар оила ва ҷомеа тавсияҳо пешниҳод шуданд.

3-умин Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай 10 июн дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

 

Бештар бихонед: