Июн 12, 2021 19:53 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи 18 нафар ба иттиҳоми узвияти дар гурӯҳи

18 нафар дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба далели узвият дар гурӯҳи "Салафия " муҳокима шуданд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, дар Боздоштгоҳи шумораи яки шаҳри Хуҷанд муҳокимаи 18 нафар аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи "Салафия " пушти дарҳои баста баргузор шуд.

Мақомот ба далели маҳрамона будани ин парванда, иҷозаи ҳузур ба бастагони ин афрод ва кормандони расонаҳои хабариро дар додгоҳ надоданд.

Теъдоде аз модарони ин афрод барои матраҳ кардани ин мавзӯ бо мақомоти ҳукуматӣ ба Душанбе омаданд ва муддаӣ шудаанд, ки фарзандони онон аз гурӯҳи "Салафия " ҳеч иттилое надоранд.

Гуфта мешавад, ки ин 18 нафрро полиси вилояти Суғд дар феврали соли ҷорӣ ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи "Салафия" боздошт кард.

Фаъолияти гурӯҳи "Салафия" дар Тоҷикистон ба унвони созмони ифротӣ соли 2005 мамнӯъ шуд ва теъдоди зиёде аз аъзои он ҳам боздошт ва ба зиндон маҳкӯм шуданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп