Мамнӯъ шудани маросими ҳаҷҷи воҷиб барои шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ
(last modified Sun, 13 Jun 2021 04:24:46 GMT )
Июн 13, 2021 09:24 Asia/Dushanbe
  • зоирони тоҷик
    зоирони тоҷик

Мақомоти Арабистони саъудӣ баргузории маросими ҳаҷҷи воҷибро барои шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон мамнӯъ эълом карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, мақомоти вазорати корҳои дохилаи Арабистон эълом карданд имсол анҷоми маносики ҳаҷҷи воҷиб фақат барои афроде, ки сокини ин кишвар ҳастанд, муҷоз аст .Онҳо гуфтанд  ин тасмим ба далели густариши дубораи корона  дар Арабистон гирифта шудааст

. Саъдуллоҳ Қурбонов-масъули яке аз ширкатҳои эъзоми зоирон ба Ҳаҷ дар Тоҷикистон ба номи ширкати “Расул сохтмон ҳам гуфт : Қарор буд зоирони тоҷик барои анҷоми ҳаҷҷи умра аз ноябри соли 2020 ба Арабистон эъзом шаванд, аммо ба далели густариши бемории Ковид- 19 дар Арабистон  мақомоти ин кишвар аз масъӯлони ҳаҷҷи дигар кишварҳо хостанд ки зоиронро аз охири январи соли 2021 равон кунанд .Ӯ афзуд : Бо ин  ҳол  дар оғози соли ҷорӣ низ мақомоти Арабистони саъудӣ эълом карданд, ки шаҳрвандони кишварҳо метавонанд аз охири марти 2021 барои анҷоми фаризаи Ҳаҷ ба ин кишвар сафар кунанд .
Саъдуллоҳ Қурбонов гуфт : Аммо бо тавваҷуҳ ба густариши дубораи корона  дар Арабистон  ин тасмим низ иҷро нахоҳад шуд .