Июн 13, 2021 13:44 Asia/Dushanbe
  • Оғози насби ҳисобкунакҳои ҳушманди барқӣ дар шаҳри Душанбе

Насби ҳисобкунакҳои ҳушманди барқӣ дар шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон оғоз шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ,қарор аст дар ин тарҳ ширкати Авесто-груп  250 ҳазор ҳисобкунаки ҳушманди барқро дар манзилҳо, идораҳо ва коргоҳҳо дар шаҳри Душанбе насб кунад . Ин паймонкор барои иҷрои ин тарҳ 88 миллион доллар сарф хоҳад кард .
Ҳисобкунакҳои ҳушманди барқ дар ширкати чинии Hexingи Electricalи Co . Ltd сохта шуда ва умри муфиди истифода аз онҳо ҳам 15 сол эълом шудааст .
Бар асоси муқаррарот муштаракон(истифодабарандагон)и барқ муваззаф ҳастанд, ки оғози ҳар моҳ ҳазинаи барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ҳисоби ширкати давлатии Барқи тоҷик ворид кунанд ва интиқоли барқ ба манозили маскунӣ фақат бо доштани картаи вижаи пардохти ҳазинаи хадамот  имконпазир хоҳад буд .
Агар муштаракон саривақт барои пардохти маблағи барқи масрафӣ иқдом накунанд, таи 10 то 15 рӯз барқи онон қатъ мешавад .
Гуфта мешавад акнун дар шаҳри Хуҷанд 62 ҳазор, ноҳияи Рӯдакӣ 10 ҳазор ва дар шаҳри Кулоб 8 ҳазор муштарак бо пешпардохт аз барқ истифода мекунанд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп