Июн 14, 2021 19:17 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ниммарафони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе

Мусобиқаи ниммарафони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 400 даванда аз кишварҳои Олмон, Ҷопон, Русия, Узбакистон ва Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Ширкаткунандагон дар ин рақобат масири хиёбони Исмоили Сомонӣ то майдони Дӯстии шаҳри Душанбе, масофаи 21 километру 97 метрро давиданд.

Давандаи ӯзбакистонӣ дар бахши мардон тавонист нишони тиллоро касб кунад.

Самариддин Азимов ва Ғайрат Олимов, давандагони тоҷик низ ҷойгоҳҳои баъдиро аз они худ карданд.

Дар бахши бонувон ҳам намояндаи Узбакистон тавонист қаҳрамони мусобиқа шавад ва Маҳина Баротова ва Зулҳиҷҷа Ғаффорзода аз Тоҷикистон низ нишонаҳои нуқраву бронзро ба даст оварданд.

Ин мусобиқа ба муносибати фаро расидани бистумин солгарди таъсиси Созмони Ҳамкориҳои иқтисодии Шанхай баргузор шуд.

 

Бештар бихонед: