Мушкилоти манзили зисти баъзе шаҳрвандон дар маҳаллаҳои фарсудаи Душанбе
(last modified Tue, 15 Jun 2021 04:42:54 GMT )
Июн 15, 2021 09:42 Asia/Dushanbe

Сукунати шаҳрвандон дар бофтҳои фарсуда дар шаҳри Душанбе ба яке аз мушкилоти масъулони шаҳрдорӣ табдил шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Анвара Усмоноваи 73-сола  50 сол аст ки ҳамроҳ бо хонаводаи худ дар яке аз маҳалҳои қадимии шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад, аммо бо тасмими шаҳрдорӣ ба далели фарсуда шудани сохтмон, бояд хонаи худро тахлия кунад.

Хонаводаи вай мегӯянд, ки пешниҳоди масъулони ширкати  “ Шоҳ Палас ”, ки  тахрибу бозсозии манзили зисти фарсудаи маҳалларо анҷом додааст, барои вогузории манзили ҷадид  мунсифона ва қонеъкунанда нест.

Мақомоти ширкати Шоҳ Палас ҳам гуфтанд, бо бештари соҳибхонаҳо барои нақли макон тавофуқ карданд ва ба бархе низ пешниҳоди  пардохти 2500 сомонии иҷора  маскани муваққат доданд.

Садои Анвара  Усмонова ва Алихон Шавқонов аз сокинони маҳалларо бишанвед:

 

Бештар бихонед: