Кумаки молии шаҳрдории Душанбе ба муносибати солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон
(last modified Mon, 05 Sep 2022 06:32:08 GMT )
Сентябр 05, 2022 11:32 Asia/Dushanbe
  • Кумаки шаҳрдори Душанбе ба ятимону камбизоатон
    Кумаки шаҳрдори Душанбе ба ятимону камбизоатон

Дар остонаи фаро расидани сивуякумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон шаҳрдории Душанбе ба 5000 нафар аз сокинони шаҳр кумаки молӣ мекунад.

Ба гузориши “Спутник”, қарор аст дар бахшномае, ки Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имзо кардааст, ба 5 ҳазор нафар аз ширкаткунандагону маълулони Ҷанги ҷаҳонии дувум, маълулони модарзодӣ, афроде, ки дар марокизи бозпарварӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва ятимон кумак молӣ шавад.

Ҳамчунин бар асоси ин тасмим, бахшдориҳои пойтахт муваззаф шуданд дар остонаи таътилот нисбат ба кумакҳои моддӣ ба ятимону афроди бесарпараст иқдом кунанд.

Дар хабарҳои шаҳрдорӣ аз мизони мушаххаси кумакҳои нақдиву моддӣ ва ҳамчунин кулли маблағе, ки аз буҷети шаҳр барои ин манзур ихтисос дода шудааст, матлабе зикр нашудааст.

Ҷашнҳои солгарди истиқлоли Тоҷикистон ҳар сол 9 сентябр баргузор мешавад.