Дзюдочии тоҷик дар чемпионати ҷаҳон мақоми ҳафтумро касб кард
Дзюдочии тоҷик дар чемпионати ҷаҳон, ки дар Будапешти Маҷористон баргузор шуд мақоми ҳафтумро ба даст овард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дзюдочии тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Будапешти Маҷористон баргузор шуд мақоми ҳафтумро касб кард.
Ин беҳтарини натиҷаи варзишгарони Тоҷикистон дар ин рақобатҳо буд.
Дар ин мусобиқаҳо Шукрона Карчиева (-49 кг), Шаҳбаз Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Комроншоҳ Устопириён ширкат варзиданд.
Аз 118 кишвари ширкаткунанда, танҳо дзюдочиёни 27 кишвар медал ба даст оварданд.
Тими миллии дзюдои Ҷопон дар бахши дастаӣ 5 медали тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст овард.
Бештар бихонед: