Июн 15, 2021 19:20 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди муддати ҳузури муваққати коргарони муҳоҷир дар Русия

Раисиҷумҳури Русия муддати ҳузури муваққати коргарони муҳоҷирро 3 моҳи дигар тамдид кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар фармони Путин таъкид шудааст, ки агар шаҳрвандони хориҷии ғайримуҷоз то 15 сентяр бо муроҷиа ба марокизи мушаххас шуда сабти ҳузур ва иҷозаи кор дар Русияро дар дарёфт кунанд ва ҳамчунин ба қавонини кор ва иқомат пойбанд бошанд, аз Русия ихроҷ нахоҳанд шуд.

Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия низ бо истиқбол аз ин иқдом Путин гуфт, шаҳрвандони ғайримуҷози тоҷик акнун фурсати бештаре доранд то иқдом ба қонунӣ кардани ҳузури худ дар Русия кунанд.

Вай аз тамоми шаҳрвандони тоҷик, ки то ба ҳол барои сабти истиқомат дар Русия иқдом накарданд ҳам хост, ба дафтарҳои Хадамоти муҳоҷират муроҷиа кунанд.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ Александр Горовой, муовини вазири корҳои дохилаи Русия ҳушдор дода буд, ки 247 ҳазор шаҳрванди ғайримуҷози тоҷик дар ин кишвар ҳузур доранд, ки агар то 15 июни 2021 иқомати худро қонунӣ накунанд, ихроҷ хоҳанд шуд.

Аммо Валентина  Казакова, муовини дигари вазири корҳои дохилаи Русия ва масъули Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар низ дар сафар ба Душанбе эълом кард, ин муҳлат то охирҳои моҳи июни соли ҷорӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон тамдид шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп