Июн 17, 2021 11:23 Asia/Dushanbe
  • Сайфуллозода аз соли 2015 дар боздошт ва зиндон аст
    Сайфуллозода аз соли 2015 дар боздошт ва зиндон аст

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозодаи 70-сола, узви аршади Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон таҳти амали ҷарроҳии қалб қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷӣ, пизишкони бемористони созмони зиндонҳои Тоҷикистон дар ноҳияи Ваҳдат азъи саломатии вайро пас аз анҷоми амали ҷарроҳии қалб  хуб арзёбӣ кардаанд.

Мақомоти зиндони Ваҳдат низ ба хонаводаи вай эълом кардаанд, ки метавонанд ба аёдати Сайфуллозода бираванд.

Гуфта мешавад вай ба далели баста шудани рагҳои қалбаши таҳти амали ҷарроҳӣ қарор гирифтааст.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар соли 2015 ба иттиҳоми иртибот бо шӯришии генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти Вазири дифои Тоҷикистони боздошт ва ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.

Қаблан гурӯҳи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар хостори озодии аъзои аршади ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон шуда буд.

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башарӣ низ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки парвандаи аъзоӣ ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум шуда ин ҳизбро мавриди баррасии дубора қарор диҳад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп