Коҳиши 9 дарсадии мизони интиқоли пули коргарони муҳоҷир аз Русия ба Тоҷикистон
Июн 18, 2021 19:16 Asia/Dushanbe
Коргарони муҳоҷири тоҷик аз оғози имсол то кунун 329 миллион доллар ба Тоҷикистон интиқол доданд.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Бонки марказии Русия эълом кард, ин мизон даромади молии ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия ба Тоҷикистон дар муқоиса бо давраи монанди сол қабл 9 дарсад коҳиш ёфтааст.
Дар соли 2020 коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон 1 миллиарду 741 миллион доллар ирсол карда буданд, ки дар муқоиса бо соли 2019 бо коҳиши 835 миллиондолларӣ рӯ ба рӯ шуда буд. Далели аслии коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон, густариши вируси корона эълом шудааст.