Афзоиши табодулоти тиҷории Швейтсария бо Тоҷикистон
Швейтсария аввалин шарики тиҷории Тоҷикистон шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, мизони таъомулоти тиҷории Тоҷикистон бо Швейтсария тайи 5 моҳи соли ҷорӣ ба 722 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли қабл афзоиши 2 ва се даҳум дарсадӣ доштааст.
Дар ин муддат арзиши содироти Тоҷикистон ба Швейтсария 708 миллион доллар будааст.
Аз сӯи дигар мизони таъомулоти тиҷории Тоҷикистон бо Русия, Қазоқистон ва Чин ки пеш аз ин шуракои аслии иқтисодии Тоҷикистон буданд тайи 5 моҳи соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст.
Дар ин муддат табодулоти тиҷории Тоҷикистон бо Русия 418 миллион доллар будааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 42 дарсадиро нишон медиҳад.
Таъомулоти тиҷории Тоҷикистон бо Қазоқистони низ ба 457 доллар расидааст, ки ин мизон ҳам нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2020 ҳудуди 37 дарсад коҳиш доштааст.
Ин шохис дар таъомулоти тиҷории Тоҷикистон бо Чин низ ба 285 миллион доллар буд.
Бештар бихонед: