Июн 19, 2021 09:28 Asia/Dushanbe
  • Як зан халабони ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйри Тоҷикистон шуд
    Як зан халабони ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйри Тоҷикистон шуд

Халабон зани ширкати Сомон Эйр аввалин парвози мустақили худро анҷом дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ширкати ҳавопаймоии Сомон  Эйри Тоҷикистон  Афентиева Татяна ягона халабони зани ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр аст.

Татяна чанд сол  кумаки халабони ҳавопаймоҳои хутути парвози  Душанбе - Тошканд - Душанбе  будааст, ки  пас аз қабул дар озмунҳои мухталиф тавонист тайидияи халабони аввалии худро аз Шӯҳрат  Раҳимов устод халабон дарёфт кунад.

Ӯ аз соли 2011 ба унвони ёрдамчии халабон  дар ширкатҳои мухталифи ҳавопаймоӣ кор мекунад.

Татяна аз соли 2020 ёрдамчии халабони ширкати Сомон Эйр шуд .

Вай барои расидан ба ин ҳадаф роҳи  тӯлонӣ ва душворро дар Донишкадаи авиатсионии Русия тай кард ва акнун халабони ҳавопаймои Боинг 737 аст.

Афентиева пас аз парвози мустақил худ гуфт: Хушҳолам, ки аввалин парвози мустақили ман дар сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон анҷом шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп