Радди ахбори шуюи корона дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 19 Jun 2021 13:07:27 GMT )
Июн 19, 2021 18:07 Asia/Dushanbe
  • Радди ахбори шуюи корона дар Тоҷикистон

Сухангуи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ахбори шуюи корона дар Тоҷикистон, ки дар рӯзҳои ахир дар бархе шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шударо рад кард.

Ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, аз ибтидои соли ҷорӣ токунӯн ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба корона дар Тоҷикистон сабт нашудааст.

Вай афзуд, дар рӯзҳои ахир, ба далели гарм шудани дамои ҳаво ва афзоиши масрафи сардиҳо теъдоде мубталоён ба бемории шуш ҳам афзоиш пайдо кардааст.

Эмомалӣ Мирзоев изҳор кард, ин бад-он маъно нест, ки ин беморон ба вируси корона олўда шуданд.

Вай тасреҳ кард, тибқи назари мутахассисон, бештари бузургсолону кӯдакон акнӯн аз дарди шуш ранҷ мебаранд.

Ӯ афзуд, бештари онҳо афроде ҳастанд, ки соли гузашта ба корона мубтало шуда буданд ва шуши онҳо комилан беҳбуд наёфтааст.

Эмомалӣ Мирзоев изҳор кард, ин афрод бояд барои беҳбудии комил аз масрафи нушокиҳои сард худдорӣ кунанд.

Бештар бихонед: