Июн 19, 2021 18:40 Asia/Dushanbe
  • Дидори шаҳрдори Душанбе бо раиси Конфедератсияи дучархасавории Осиё

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе раиси Конфедератсияи дучархасавори (велосипедрон)-и Осиё Осама ал Шафарро ба ҳузур пазируфт.

Ба навиштаи сомонаи «Ховар» , дар мулоқот  масоили марбут ба варзиши велосипедронӣ ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардид.

Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадрро ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, вобаста ба рушди ин намуди  соҳаи варзиш дар кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Иброз гардид, ки солҳои охир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе бо кумакҳои ҳамешагии Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконоти мувофиқ ва ҳам ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам гардида, дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо шаҳри Душанбе метавонад мизбонӣ намояд.

Дар ин мулоқот Рустами Эмомалӣ баргузор намудани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва чорабинии дигари варзиширо таҳти унвони “Tour de Tajikistan” пешниҳод намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки чорабинии байналмилалӣ “Tour de Tajikistan” нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2021 бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп