Июн 20, 2021 10:00 Asia/Dushanbe
  • Мириана Сполярич Эгер
    Мириана Сполярич Эгер

Дастёри дабири кулли Созмони Миллал ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дастёри дабири кулл ва мудири минтақаии барномаи тавсеъаи умрони Созмони Миллал дар умӯри Аврупо ва ИДМ дар сафари давраӣ ба Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон низ боздид мекунад.
Мириана Сполярич Эгер 20-июн ба Тоҷикистон сафар ва бо мақомоти баландпояи давлати Тоҷикистон дидор хоҳад кард.
Сполярич Эгер дар нишасте таҳти унвони сармоягузорӣ дар ояндаурсатҳои корофаринии навоварона дар Тоҷикистон », ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии назди раёсати ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо ҳамкорӣ бо барномаи умрони Миллали Муттаҳид созмондеҳӣ шудааст ҳам ширкат мекунад . Дастёри дабири кулл ва мудири минтақаии барномаи тавсеъаи умрони Созмони Миллал дар умӯри Аврупо ва ИДМ қабл аз сафар ба Тоҷикистон аз Узбекистону Қирғизистон боздид мекунад.

 

Барчасп