Июн 21, 2021 09:55 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 58 миллион доллари ройгони Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
    Кумаки 58 миллион доллари ройгони Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Мудирияти Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои рушди бахши кишоварзӣ ба маблағи 58 миллион доллар кумаки ройгон мувофиқат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Бонки ҷаҳонӣ, мудирияти Банки ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки ин кумаки молии ройгон барои рафъи авоқиби бемории Ковиди 19 дар бахши кишоварзии Тоҷикистон  ҳазина хоҳад шуд.

Ён Петралтерс, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ  дар Тоҷикистон дар ин замина гуфт: Густариши Ковиди 19 зарурати анҷоми ислоҳот дар бахши кишоварзии Тоҷикистонро барои таъмини даромади собити кишоварзон, коҳиши мизони фақр  дар манотиқии рустои ин кишвар  ва беҳбуди вазъи зиндагии хонаводаҳоро матраҳ кард.

Аммо барои иҷрои ин барнома аз тавони марокизи илмии Тоҷикистон аз ҷумла  фарҳангистони улуми кишоварзӣ ба манзури истифода аз равишҳои навини обёрӣ, хариди базрҳои матлуб ва мутобиқ бо иқлими ин кишвар ва таъсиси марокизи нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷилавгирӣ аз талафоти манобеъ дар назар аст.

Замони иҷрои ин барномаи 5 сол таъин шудааст.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мӯътақиданд, ки дар пайи густариши вируси корона ва буҳрони камобии бахши кишоварзии ин кишвар дучори зиёнҳои фаровон шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп