Дидорҳои дипломатии вазири умури хориҷаи Тоҷикистон
(last modified Mon, 21 Jun 2021 15:07:57 GMT )
Июн 21, 2021 20:07 Asia/Dushanbe
  • Дидорҳои дипломатии вазири умури хориҷаи Тоҷикистон

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо вазирони хориҷаи Туркия, Эрон, Афғонистон ва дастёри дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дидор кард.

Сироҷиддини Муҳриддин дар ҳошияи нишасти дипломатии Анталия, бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дидор кард.

Дар ин нишаст роҳҳои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот тарафайн бар лузуми иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар чаҳордаҳумин нишасти комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон, ки дар 7 ва 8 июни 2021 дар Душанбе баргузор шуд, таъкид карданд.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Туркия низ мулоқот кард.

Дар ин дидор тарафайн алоқаи худро ба тақвияти равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаи гардишгарӣ иброз карданд.

Дар дидори Сироҷиддини Муҳриддин бо Муҳаммадҳанифи Атмар, вазири умури хориҷаи Афғонистон, дар мавриди вазъияти феълӣ ва чашмандози ҳамкориҳои ду кишвар, авзои Афғонистон, ҳамкориҳои минтақаӣ дар раванди сулҳу субот дар ин кишвар, табодули назар шуд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар сафари кории худ ба Туркия бо Мирослав Ҷенка, дастёри дабири кулли Созмони Милал дар умури сиёсӣ ҳам дидор кард.

Дар ин дидор дар мавриди ҳамкориҳои муштарак дар заминаи об, тағйири иқлим, амнияти минтақаӣ, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир баҳсу табодули назар шуд.

 

Бештар бихонед: