Баргузории маҷмаи байналмилалии ҷавонон дар шаҳри Душанбе
(last modified Mon, 21 Jun 2021 16:21:31 GMT )
Июн 21, 2021 21:21 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маҷмаи байналмилалии ҷавонон дар шаҳри Душанбе

Маҷмаи байналмилалии ҷавонон бо унвони “Ояндаро бо ҳам месозем!” дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши “Ховар”, ин маҷмаъ дар маҳалли Китобхонаи Миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин нишаст Маъсума Муайянӣ, муовини шаҳрдори Душанбе, Абдуллоҳ Раҳмонзода, раиси Кумитаи умури ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва намояндагоне аз вазоратхонаҳои умури хориҷа ва омӯзишу парвариш ҳузур доштанд.

Раиси Кумитаи умури ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар ин маҷмаъ гуфт, давлат тавваҷуҳи вижае барои ҳалли мушкилоти ҷавонон дорад.

Абдуллоҳ Раҳмонзода афзуд: Афзоиши рӯҳияи худбоварӣ ва тақвияти эътимод ба нафси ҷавонон ба унвони ояндасозони Тоҷикистон, метавонад дар ҳифзи дастовардҳои кишвар муассир бошад.

Маъсума Муайянӣ, муовини шаҳрдори Душанбе ҳам дар ин ҷаласа гуфт: Бештари ҷамъияти Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва нақши онҳо дар бахшҳои мухталифи ҷомеа инкорнопазир аст.

Ӯ изҳор дошт: Дастовардҳои ҷавонон дар заминаҳои тавлид, санъат, илм ва фанноварӣ, фарҳанг ва варзиш қобили тавваҷуҳ аст.

 

Бештар бихонед: