Июн 22, 2021 17:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо яке аз мудирони СММ

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистони бо мудири дафтари минтақаии барномаи тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо ва кишварҳои ИДМ дидор кард.

Ба гузориши сомонаи вазорати рушиди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқизода Завқӣ дар дидор бо Мирҷана Сполярич Эггер дар мавриди густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар кард.

Дар ин мулоқот зикр шуд, ки ҳамакнӯн бо ҳамкории Барномаи тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид теъдоде тарҳи ободонӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли иҷро аст.

Завқизода аз намояндагони Барномаи тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид хостори мусоидати бештар барои иҷрои тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон шуд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп