Дидори вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо яке аз мудирони СММ
Июн 22, 2021 17:13 Asia/Dushanbe
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистони бо мудири дафтари минтақаии барномаи тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо ва кишварҳои ИДМ дидор кард.
Ба гузориши сомонаи вазорати рушиди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқизода Завқӣ дар дидор бо Мирҷана Сполярич Эггер дар мавриди густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар кард.
Дар ин мулоқот зикр шуд, ки ҳамакнӯн бо ҳамкории Барномаи тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид теъдоде тарҳи ободонӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли иҷро аст.
Завқизода аз намояндагони Барномаи тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид хостори мусоидати бештар барои иҷрои тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон шуд.
Бештар бихонед:
- Дидори вазири иқтисоди Тоҷикистон бо вазирони иқтисоди кишварҳои узви ИДМ
- Талоши ҳукумати Тоҷикистон барои ҷазби даромад молии коргарони муҳоҷир ба иқтисоди ин кишвар
Барчасп