Маҳдӯдиятҳои дубора дар Тоҷикистон ба далели шуюи корона
(last modified Tue, 22 Jun 2021 14:46:42 GMT )
Июн 22, 2021 19:46 Asia/Dushanbe
  • Маҳдӯдиятҳои дубора дар Тоҷикистон ба далели шуюи корона

Ба далели шуюи дубораи корона дар Тоҷикистони маҳдӯдиятҳои ҷадиде барои анҷоми маросим иҷро мешавад.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон ба идороти ин ниҳод дар ноҳияҳои кишвар аз эъмоли дубораи маҳдӯдиятҳо дар баргузории маросим хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар ин иттилоия омадааст: “Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ вобаста ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳангоми гузаронидани тӯйҳои домодию арусӣ бо шумораи маҳдуди иштирокчиён, риояи фосилаи иҷтимоӣ, пешгирии таҷаммуъи шумораи зиёди одамон зимни баргузории маросими дафну азодорӣ, қабл аз баргузории маъракаю маросим ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандону масъулони тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои баргузории маъракаю маросим андешидани тадбирҳои иловагӣ зарур мебошад”.

Ситоди ҷумҳуриявӣ қатъан талаб кардааст, ки зимни баргузории ибодатҳои дастаҷамъона риояи фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб, пайваста тамиз (дезинфексия) кардани бинои масҷид, пешгирии хондани намоз ё ибодат берун аз бинои масҷид, пешгирии танбашавӣ дар роҳҳои ҳамшафати масҷидҳо ва риояи дигар қоидаҳои беҳдоштӣ талаб карда мешавад.

Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавируси Тоҷикистон рӯзи гузашта, 21 июн, расман аз ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё COVID-19 хабар дода, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки дигарбора риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.

Бештар бихонед: