Паноҳ овардани 134 низомии афғон ба хоки Тоҷикистон
(last modified Wed, 23 Jun 2021 03:56:37 GMT )
Июн 23, 2021 08:56 Asia/Dushanbe
  • Паноҳ овардани 134 низомии афғон ба хоки Тоҷикистон

Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон аз паноҳ овардани 134 низомии афғон ба ин кишвар хабар дод.

Ба навиштаи сомонаи «Ховар», дар ин изҳорот  ҳамчунин гуфта мешавад: “Дар натиҷаи даргириҳои мусаллаҳона, ки то соати 09:00-и санаи 22-юми июн идома ёфт, 134 низомии қувваҳои ҳукуматии  давлати Афғонистон ба муқовимат тоб наоварда, маҷбур шуданд, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои марзии «Панҷи Поён», марзи давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳ оварданд”.

Марзбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани маънавиёти инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд. Дар миёни низомиёни давлати Афғонистон 4 нафар маҷрӯҳ ва 1 нафар кушташуда қарор дорад.

Вазъият дар хати сарҳади ҶТ ва ҶИА дар минтақаи мазкур мураккаб арзёбӣ гардида, теъдоди умумии хизматчиёни ҳарбии афғон, ки аз дасти толибон дар Шерхон-Бандар захмиву кушта ё асир афтодаанд, то 100 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти тасдиқшуда, даҳ рӯзи охир дар чор вилояти бо Тоҷикистон ҳамсарҳади ҶИА задухӯрдҳои мусаллаҳона байни қувваҳои ҳукуматӣ ва ҳаракати Толибон идома дорад. Дар натиҷа вулусволиҳои Чоҳи об, Янги Қалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахор, вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз, ду гузаргоҳ – «Шерхон Бандар» ва «Кокул» ба дасти Толибон гузаштанд.