Июн 23, 2021 10:08 Asia/Dushanbe
  • Сабти 32 мавриди ҷадиди мубталоён ба вируси корона дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сабти 32 мавриди ҷадиди мубталоён ба вируси корона тайи 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз нишасти рӯзи 21 июн Ситоди мубориза бо бемории коронаи Тоҷикистон, шуюи дубораи беморӣ дар бархе аз манотиқи ин кишвар, таъйид ва тайи шабона рӯзи охир 32 мавриди ҷадиди мубталоён ба Ковид 19 расман эълом шуд.

Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон иллати шуюи дубораи ин беморӣ дар ин кишварро саҳлангорӣ, риоят накардани муқаррароти беҳдоштӣ ва сафари афроди олӯда ба корона аз хориҷ эълом кардаанд.

Пас аз ин нишаст, дар иттилоияе аз сокинони Тоҷикистон дархост шуд, бо истифода аз ниқоб, парҳез аз ширкат дар таҷамуот, худдорӣ аз сафарҳои ғайризарурӣ ва шусту шуи мураттаби дастҳо аз ҳамагирии дубораи бемории корона ҷилавгирӣ кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора эълом мекард, ки аз ибтидои соли 2021 ҳеч мавриди ҷадиди бемории мубтало ба Ковид 19 дар ин кишвар шиносоӣ нашудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп