Июн 23, 2021 12:11 Asia/Dushanbe
  • Имкони пазириши 10 ҳазор гурезаи афғон дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон

Раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз имкони пазириши 10 ҳазор паноҳҷӯи афғонӣ дар ин минтақа дар сӯрати ташдиди даргириҳо дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвек, Ёдгор Файзов бо ишора ба марзи тулонии вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон ва ташдиди даргариҳо гуфтааст, ки омодаи пазириши 10 ҳазор паноҳҷуӣ афғонистонӣ мебошанд.

Вай таъкид кардааст, ки дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон мақомоти давлати вақти Афғонистон ба теъдоди зиёде аз паноҳҷӯёни тоҷик заминаи истиқоматро дода буданд ва акнӯн вазифаи тоҷикҳо мебошад, ки дар сӯрати вурӯди сокинони вилояти Бадахшони Афғонистон дар пайи даргириҳои шадид миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи Толибон ба афғонҳо паноҳ диҳанд.

Аз ин рӯ, мақомоти вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба дунболи мушаххас кардани макони эҳтимолии пазириши паноҳандагони афғонӣ, захирасозии сӯхт ва маводи ғизоӣ ва дигар имконот барои ин афрод мебошанд.

Ба гуфтаи вай, бо тавваҷуҳ ба ин ки гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлати Кобул дар фармондориҳои Баҳорак, Зебок ва Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон рӯбарӯи марзи Тоҷикистон мустақар ҳастанд, зарурат дорад амнияти марз ва тавони размии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои муқобила бо ҳар навъ таҳаррукоти гурӯҳҳои террористии фаъол дар вилояти Бадахшони Афғонистон тақвият шавад.

Аксари коршиносони масоили сиёсӣ муътақиданд, бо оғози хурӯҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи шимоли ин кишвар ва дар наздикии марз бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Бештар бихонед:

Барчасп