Июн 23, 2021 17:00 Asia/Dushanbe
  • Дидорҳои дипломатии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкаткунандагони шонздаҳумин нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дидор кард.

Дар ин мулоқот намояндагони кишварҳои Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Русия, Узбакистон ва мудири иҷрои кумитаи сохтори минтақаии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай ҳузур доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор гуфт: Тоҷикистон ба унвони раиси феълии Созмони Ҳамкории Шанхай аҳамияти зиёде барои нишасти раисони шӯроҳои амниятии кишварҳои узв қоил аст.

Дар ин мулоқот дар бораи роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷароими созмонёфтаи фаромиллӣ ва маводи мухаддир баҳсу табодули назар шуд.

Ҳамчунин ширкаткунандагон таъкид карданд, ки сохтори минтақаии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай метавонад нақши муҳиме дар таъмини амнияти минтақаӣ ва тақвияти равобит байни кишварҳои узв дар мубориза бо таҳдидҳову чолишҳои дунёи амрӯз дошта бошад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп