Июн 23, 2021 19:19 Asia/Dushanbe
  • Умеди Ҷайҳонӣ - коршиноси тоҷик
    Умеди Ҷайҳонӣ - коршиноси тоҷик

Коршиноси мустақили тоҷик гуфт: Гурӯҳи Толибон алайҳи истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ нест.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Умеди Ҷайҳонӣ бо ишора ба бурӯзи таниш дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон ба далели ҳамалоти гурӯҳи Толибон гуфт: Ҳадафи онҳо истиқрори низоми аморати исломӣ дар Афғонистон аст ва барои амнияти миллии Тоҷикистон хатаре надорад.

Ӯ афзуд: Зеро тайи солҳои 1997 то 2001, ки Толибон дар бештари манотиқи Афғонистон тасаллути сиёсӣ дошт, алайҳи Тоҷикистон иқдоме накарданд.

Коршиноси мустақили тоҷик гуфт: Аммо Тоҷикистон бояд тадобири амниятии худ дар марзи муштарак бо Афғонистонро тақвият кунад.

Умеди Ҷайҳонӣ мегӯяд, ки танҳо омили таъсиргузори Афғонистон, ки метавонад Тоҷикистонро мутаассир аз худ кунад, вуруди паноҳандагони афғонистонӣ аст, ки ба назар мерасад Тоҷикистон барои пазириши ин афрод омода мешавад.

 

Барчасп