Октябр 31, 2016 11:04 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти шаҳрванди Тоҷикистон бадалели истифода аз гузарномаи хоҳараш дар Қирғизистон

Додгоҳе дар пойтахти Қирғизистони як шаҳрванди зани тоҷикро ба иттиҳоми талош барои сафар ба Русия бо гузарномаи хоҳараш ва вуруди ғайримуҷоз ба қаламрави ин кишвар ба ду соли зиндон маҳкум кард.

Ба иттилои сайти Акипресс, мақомоти додгоҳи шаҳри Бишкек эълом кардаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба исми г. х. баунвони коргари муҳоҷир фаъолият мекарда ва бо поёни муддати эътибори гузарномааш аз Русия барои таъвизи ин мадрак ба Тоҷикистон омада буда, аммо бадалели тӯлонӣ шудани раванди дарёфт гузарномаи ҷадид, тасмим мегирад, бо гузарномаи хоҳараш ва бо автобус аз қаламрави Қирғизистон ва Қазоқистон убур кунад ва вориди Русия шавад .

Бар асоси ин гузориш, вай муваффақ мешавад, бо гузарномаи хоҳараш аз ду посгоҳи марзӣ убур кунад, аммо ҳангоми хуруҷ аз қаламрави Қирғизистон барои вуруд ба Қазоқистон, ба дасти марзбонони қирғӣз ва ба иттиҳоми истифода аз гузарномаи шахси дигар боздошт шуд .

Мақомоти додгоҳи Бишкек ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми истифода аз гузарномаи фардии дигар ва вуруди ғайримуҷоз ба қаламрави Қирғизистон ба ду соли зиндон маҳкум кардаанд .

Ин мақомот муддаӣ шудаанд, ки ба дархости онон кормандони идораи полиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғди Тоҷикистон дар бораи моҷаро таҳқиқ карда ва эълом кардаанд, хоҳари ин зан, ки молики гузарнома аст, гуфтааст, бародараш бидуни иттилои ӯ аз гузарномааш барои сафар ба Русия истифода кардааст .