Суханронии Раҳмон дар конфронси СММ оид ба об ва офатҳои табиӣ
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷумин нишасти масоили обу офатҳои табии СММ, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ баргузор шуд, суханронӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба афзоиши ҳаводиси табии ношӣ аз тағири обу ҳавоӣ бар зарурати барномарезии ҳамоҳанги кишварҳои ҷаҳон барои муқобила бо ин офатҳо таъкид кард.
Вай гуфтааст, ки вуқуъи сел ва обхезӣ, хушксолӣ ва обшавии пиряхҳо ва норасоии шадиди об оқибатҳои тағирёбии иқлим мебошанд, ки ҳамасола ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ зарари назаррас мерасонанд.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бар зарурати пойбандии кишварҳои ҷаҳон ба нукоти созишномаи об ва ҳавоии Париж ба манзури коҳиши авоқиби тахриби муҳити зист таъкид кард.
Аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои сарватманди ҷаҳон метавонанд барои коҳиши паёмадҳои офатҳои табиӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушди кумакҳои молӣ ва таҷҳизотӣ кунанд.