Пешниҳоди сабти қалъаи Ҳисори Тоҷикистон дар феҳристи осори ҷаҳонии ЮНЕСКО
Ширкаткунандагони ҳамоиши “Кӯдакони ИДМ” пешниҳод карданд, қалъаи Ҳисори Тоҷикистон ба феҳристи асори ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шавад.
Ба гузориши “Ховар”, донишомӯзони ширкаткунанда дар ҳамоиши байналмилалии фарҳангӣ ва омӯзишии мавсум ба “Кӯдакони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, ки аз 20 то 29 июн дар Санкт –Петербург идома дорад, дар мавриди мероси фарҳангии кишварҳои худ суҳбат карданд.
Намояндагоне аз кишварҳои Беларус, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Тоҷикистон дар ин нишаст ҳузур доранд.
Дар ин нишаст пас аз суханронии кӯтоҳ дар мавриди таърихи Созмони Милал ва ЮНЕСКО, донишомӯзон ба гурӯҳҳои мухталифе тақсим шуданд ва ҳар як аз онҳо бояд гузорише дар бораи вазъияти фарҳангии кишварҳои худ таҳия кунанд.
Онҳо ҳамчунин бояд роҳкорҳое низ барои ҳифзи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии кишварҳо ироа кунанд.