Июн 29, 2021 17:34 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи беҳбуди тағзияи донишомӯзони Тоҷикистон

Тафоҳумномаи тарҳи беҳбуди тағзияи донишомӯзони Тоҷикистон имзо шуд.

Ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон ин тафоҳумномаро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Дина Солеҳ, мудири минтақаии Сандӯқи байналмилалии тавсеъаи кишоварзӣ барои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Миёна имзо карданд.

Қарор аст, дар қолаби ин тарҳ 1миллиону 300 ҳазор доллар ба Тоҷикистон пардохт шавад.

Ҳадафи аслии иҷрои ин тарҳ буҳбуди шароити тағзия ва беҳдошти 28 мактаби миёнв дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон эълом шудааст

 

Барчасп