Боздиди намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз Узбекистон
Намояндагони ширкатҳои носсаҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд.
Эҷоди равобити тиҷорӣ дар минтақа ва интиқоли таҷриба аз аҳдофи ин боздид будааст.
Дар ин сафар17 нафар аз намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, донишгоҳи фаннии нассоҷӣ, Иттиҳодияи коргарии вазароти саноати Тоҷикистон ҳузур доранд.
Интизор меравад, намояндагони ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон равобити тиҷории ҷадиде бо ҳамтоёни узбеки худ барқарор карда ва бозори маводи аввалия ва фазои хӯрдафурӯшии маҳсӯлоти худро баррасӣ кунанд.
Онҳо ҳамчунин дар мавриди масоилу сиёсатҳои саноатӣ ва молӣ дар Узбекистон, монанди молиёт ва авориз, равишҳои содироту воридот, дастрасӣ ба манобеи молӣ ва ҳимояти давлат аз ин бахш табодули назар хоҳанд кард.
Ҳайати тоҷикӣ бо боздид аз ширкатҳои узбекистонӣ, бо фанноварӣ ва фарояндҳои тавлиди ин ширкатҳо ҳам ошно мешаванд.
Пешбинӣ мешавад, ки дар ин боздид намояндагони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо муассисаи муҳандисӣ ва фанноварии Намангони Узбекистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо кунанд.
Намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон то 3 июл дар Узбекистон ҳастанд.
Бештар бихонед:
- Саҳми басазои "нассоҷии Тоҷик" дар тавлиди либоси Тоҷикистон
- Афзоиши тавлид, содирот ва воридоти маҳсулоти нассоҷӣ дар Тоҷикистон
- Коҳиши содоти маводи нассоҷӣ аз Тоҷикистон, соли гузашта