Эъломи омодагии СПАД барои кумак ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 29 Jun 2021 13:58:43 GMT )
Июн 29, 2021 18:58 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии СПАД барои кумак ба Тоҷикистон

Бо тавваҷуҳ ба бурузи таншҳо дар навоҳии марзии Афғонистон бо Тоҷикистон, Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ (СПАД) омодагии худро барои кумак ба Тоҷикистон эълом кард.

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ ин хабарро Владимир Зайнетдинов, дабири матбуотии СПАД эълом кард.

Ӯ гуфт, СПАД дар сӯрати дархости мақомоти Тоҷикистон аз ҳеч кумаке барои ҳифзи сулҳу субот дар ин кишвар кӯтоҳӣ нахоҳад кард.

Ба гуфта вай, мақомоти Тоҷикистон ҳануз дар мавриди нооромиҳо дари навоҳии марзии Афғонистон, аз ин созмон дархости кумак накарданд.

Владимир Зайнетдинов изҳор кард, дар рӯзҳои оянда, Станислав Зас, дабири кулли СПАД барои баррасии авзои минтақаи марзӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Гурӯҳи Толибон 21 июн ба посгоҳи марзии Шерхон-Бандар дар устони Қундӯз ҳамла карданд, дар натиҷаи даргирии мусаллаҳона, 134 нафар аз нерӯҳои давлатӣ аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ маҷбур ба ақибнишинӣ ба хоки Тоҷикистон шуданд.

Ҳамчунин субҳи рӯзи 27 июни 2021, Толибон посгоҳи марзии Чукчуки вилояти Балхи Афғонистонро тасарруф кард, дар ин ҳамла 17 нафар аз нерӯҳои низомии Афғонистон маҷбур шуданд ба хоки Тоҷикистон паноҳ оваранд.

Бештар бихонед: