Имзои 4 санади ҳамкорӣ раҳоварди сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон
Нахустин сафари расмии раисиҷумҳури Қирғизистон ба Душанбе ва дидор бо ҳамтои тоҷики худ бо имзои 4 санади ҳамкорӣ поён ёфт.
Ба гузориши Форс, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷабборов ба ҳамроҳи гурӯҳҳои коршиносии худ ба сӯрати умда дар хусӯси масоили марзӣ баҳсу гуфтугӯ карданд.
Дар мавриди ҷузъиёти ин мавзӯ хабаре ба расонаҳо дарз накарда ва раисони ҷумҳури ду кишвар низ дар нишасти матбуотии худ тарҷеҳ доданд ба ин мавзӯ напардозанд.
Пас аз дидори хусӯсии сарони Тоҷикистону Қирғизистон, музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар сӯрат гирифт ва дар поёни он маросими имзои асноди ҳамкорӣ анҷом шуд.
Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов зери изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.
Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуданд:
— Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии кадрии Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Ёддошти тафоҳум дар соҳаи сиёсати ҷавонон байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон “Кабар”.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.
Дар ибтидо, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо баёни инки тавсеаи равобити дӯстона бо ҳамсоягон дар минтақа аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад, тасреҳ кард: Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма
Пеш аз ҳама, мехоҳам зикр намоям, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамсоягон дар минтақа афзалиятнок мебошад.
Имрӯз мо бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Ҷабборов мулоқоти хоса ва музокирот бо иштироки ҳайатҳои ду кишвар доир намудем.
Зикр намудем, ки дар ин марҳила густариши минбаъдаи ҳамкории ду кишвар бо роҳи созандагӣ бояд вазифаи асосӣ бошад.
Ба мувофиқа расидем, ки барои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла муколамаи сиёсӣ, кишварҳои мо дорои механизмҳои зарурии ҳамгироӣ мебошанд.
Истифодаи фаъолонаи таҷрибаи баргузории машваратҳои мунтазами байниидоравиро дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ ҷонибдорӣ намудем.
Мо баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро мувофиқи мақсад ҳисобидем.
Дар ҷараёни музокирот ҳолати муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ таҳлил карда шуд.
Тамоюли манфиро дар тиҷорати мутақобила зикр намудем.
Барои афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила бо истифода аз афзалиятҳои муқоисавии кишварҳои мо тадбирҳои нав таҳия карда мешаванд.
Мо ба мувофиқа расидем, ки ҳамкории байниминтақавиро фаъолтар рушд медиҳем.
Минтақаҳои мо дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ кор хоҳанд кард.
Бешак, дар маркази гуфтушунидҳои имрӯза масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи хатти Сарҳади давлатӣ қарор дошт.
Дар заминаи ин масъала, талошҳо ба ҳалли масоили марзӣ дар рӯҳияи созандагӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафҳо равона карда мешаванд.
Мо инчунин масъалаи дар давраи оянда имзои Аҳднома дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро, ки қаблан дар маҷмӯъ мувофиқа шуда буд, муҳокима кардем.
Тибқи лоиҳаи Санад, тақрибан панҷсаду бист километр хати сарҳади давлатӣ тасвир шудааст.
То имрӯз 32 километри дигар бо тартиби корӣ мувофиқа карда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки мо раванди гуфтушунидро дар сарҳад ҳанӯз соли 2002 оғоз карда будем.
Дар тӯли тақрибан 20 соли охир, дар маҷмӯъ, наздик ба 180 ҷаласаи Комиссияи муштарак ва ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ оид ба делимитатсияи хати сарҳад баргузор шуданд.
Дар паси ин ҳама кори зиёди мутахассисон, хароҷот ва вақти зиёд меистанд.
Мо вазифаи рӯзро дар таҳияи қонунии ин натиҷаҳо мебинем, то минбаъд дар ҳалли масъалаи мураккаби муайян кардани хатти Сарҳади давлатӣ пеш равем.
Мо бо ҷаноби Президент дар бораи ҳодисаи фоҷиаборе, ки дар охири моҳи апрели соли равон дар марз рух дод, муфассал истода гузаштем.
Бо таассуфи бузург, одамон аз ҳарду ҷониб ҷони худро аз даст доданд ва осеб диданд, ба аҳолӣ зарари моддӣ ва маънавӣ расид, ба таҷрибаи ҳамсоягии неки байни халқҳои мо зарари ҷиддӣ расонида шуд.
Аз ин рӯ, мо бояд, пеш аз ҳама, дар бораи барқарор кардани эътимод байни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ фикр кунем.
Ҳамзамон бо ин, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон кори худро ба таври муназзам идома хоҳад дод.
Дар музокироти имрӯза мо ба масъалаи истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардем.
Пешниҳод намудем, ки кори Гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии масъалаҳои дуҷонибаи истифодаи захираҳои об аз сар гирифта шавад.
Мо ба мувофиқа расидем, ки мавҷудияти санадҳои муассири шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалии истифодаи ҳамаҷониба ва оқилонаи захираҳои обӣ ва энергетикии ҳавзаи баҳри Арал, бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа, масъалаи бисёр мубрам аст.
Мо ба мувофиқа расидем, ки таҷрибаи дастгирии тарафайнро ба ташаббусҳои байналмилалии кишварҳоямон идома диҳем.
Дар ин замина, мо доир ба тағирёбии иқлим мубодилаи афкор намудем, аз ҷумла мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо дар Осиёи Марказиро муҳокима кардем.
Мо ба ҷониби Қирғизистон барои дастгирии раисии Тоҷикистон дар СҲШ ва СААД изҳори миннатдорӣ кардем.
Музокироти имрӯзаи Тоҷикистону Қирғизистон нишон доданд, ки тавассути муколама ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ба ҳам мувофиқ, бо назардошти таносуби манфиатҳои миллӣ, тадриҷан ҳалли ҳама масъалаҳо имконпазир аст.
Бишкек ҷонибдори равобити ҳасана бо Тоҷикистон аст
Содир Ҷабборов низ бо қадрдонӣ аз ҳамтои тоҷики худ ҷиҳати даъвати анҷоми сафари расмӣ ба ин кишвар, гуфт, ки Бишкек ба тавсеъаи равобит бо Тоҷикистон аҳаммияти зиёде қоил мебошад.
Вай ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар хонд ва тасреҳ кард, мо ҳамеша изҳор доштаем, ки тавсеъаи ҳамаҷонибаи равобити Қирғизистону Тоҷикистон, таъмиқи ҳамкориҳои чандваҷҳӣ ва ҳамчунин тақвияти равобити ҳамсоягии хуб ва мушорикат дорои ҳуқуқи яксон бо Тоҷикистон мунтабиқ бо авлавиятҳои баландмуддати сиёсати хориҷии Қирғизистон мебошад. Ин мавзӯ бо тавваҷуҳ ба вуқуъи даргирии нохостаи ахир, ки ба ҳар ду тараф латма ворид кард, аз аҳамияти болое бархӯрдор аст. Ман муътақидам, ки мо аз хиради лозим бархӯрдорем то битавонем ин вазъиятро ба сӯди ду миллат ҳал кунем.
Вай изҳор дошт, ки ҳамоҳангӣ ва ҳалу фасли масоили марбӯт ба таъини хати марзи давлатӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон ва имзои тавофуқномаи марбӯта, уфуқҳои ҷадидеро барои ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо боз хоҳад кард.
Ҷабборов таҳкими эътимод миёни мардуми ду кишвар ва бавижа дар манотиқи марзиро муҳим хонд ва бар аҳамияти идомаи иқдомот ҷиҳати таъмини суботу амният дар ин манотиқ ва ҷилавгирӣ аз ҳар гӯна иқдомоти мухарриб бо ҳадафи эҷоди нафрати қавмӣ ва афзоиши таниш дар байни сокинони навоҳии марзӣ таъкид кард.
Раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки кишвараш ба манзури ҷилавгирӣ аз даргириҳои эҳтимолӣ, пешниҳоди эҷоди «Комиссиони сулҳ» муташаккил аз бузургони манотиқи марзии ду кишварро матраҳ кардааст.