Июн 30, 2021 19:35 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгули Бердимуҳаммедов

Раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар гуфтугӯи телефонӣ бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Дар ин гуфтугӯи телефонӣ ду тараф ибрози умедворӣ карданд, дар ояндаи наздик аз кишварҳои якдигар боздид кунанд.

Раиси ҷумҳурии Туркманистон ҳамчунин аз ҳамтои тоҷики худ даъват кард то ба Ишқобод сафар кунад.

Қарор шуд замони анҷоми ин сафар аз тариқи дипломатӣ ҳамоҳанг шавад.

Дар ин гуфтугӯи телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгули Бердимуҳаммедов дар мавриди масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ низ табодули назар карданд.

 

 

 

Барчасп