Мулоқоти раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо дабири кулли Паймони амнияти ҷамъӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i69798-Мулоқоти_раиси_ҷумҳӯри_Тоҷикистон_бо_дабири_кулли_Паймони_амнияти_ҷамъӣ
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дидор кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 01, 2021 15:59 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо дабири кулли Паймони амнияти ҷамъӣ

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дидор кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, дар ин мулоқот авлавиятҳои кории Тоҷикистон дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар соли 2021, вазифаҳои феълии ин созмон ва бархе мавзӯъоти муҳим,дастури кори минтақаӣ ва байналмиллалӣ баҳсу баррасӣ шуд .

Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор гуфт : Тоҷикистон вазифаҳои худро мутобиқ бо авлавиятҳои эъломшуда дар чорчуби Созмони паймони амнияти ҷамъӣ анҷом медиҳад .
Станислав Зас ҳам дар ин дидор дар мавриди авзоъи душвори низомӣ ва сиёсии минтақа бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ ва бар тақвияти ҳифозат аз марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид кард.



Бештар бихонед: