Судури ҳукми зиндон барои 6 шаҳрванди тоҷик дар Русия
Додгоҳи шаҳри Маскав шаш шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷурми қатли варзишгари рус ба зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи марказӣ додгоҳи ноҳияи Зиёзинаи Маскав 6 нафар аз атбоъи тоҷикро ба ҷурми қатли варзишгари рус Сергей Чуев ба чаҳор то ҳафтуним соли зиндон маҳкум кард.
Ҷумъа Сафаров падари Фаридун Сафаров, яке аз 6 табаъаи тоҷики маҳкумшуда гуфт: Додгоҳ фарзандашро ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум кард.
Вай гуфт: Ду нафар ба чаҳор сол ва се нафари дигари низ ба чаҳоруним сол зиндон маҳкум шуданд.
Ҷумъаи Сафаров илова кард: Бо ин ҳукм мувофиқ нест ва мақсади таҷдиди назар дар раъйи додгоҳ дорад.
Фаридун Сафаров "эъмоли саҳлангорӣ ва мунҷар ба марги як шахс", ки тибқи Кодекси ҷиноии Русия то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, гунаҳкор дониста шуд.
Ҳамдастони Фаридун Сафаров низ ба иттиҳоми " кулоҳбардорӣ " дар додгоҳ маҳкум шуданд.
Фаридун Сафаров, Рустам Эминов, Фирӯз Сафаров, Неъматҷон Бобев, Мирзошавкат Тӯпалангов ва Меъроҷиддин Алоиддинзода, сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилоят Суғд ҳастанд, онҳо аз ду соли пеш дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мешаванд ва баргузории додгоҳи муҳокимаи онҳо ҳам ба далели шуюъи корона ба таъхир афтод.
Наздикони маҳкумон мегӯянд фарзандони онҳо дар қатли ин варзишкор нақше надоштанд.
Сергей Чуев, варзишгари рус, шаби 8 июни соли гузашта дар парке дар Маскав кушта шуд.
Мақомоти рус шаш муҳоҷири тоҷикро ба иттиҳоми қатли ин варзишгар боздошт карданд ва гуфтанд: "Онҳо ба сари қурбонӣ зарба заданд ва ӯро ба об андохтанд ".
Ба гуфтаи мақомоти қазои Русия мақтул қабл аз ғарқ шудан мавриди зарбу шатм қарор гирифта буд.
Ин 6 шаҳрванди Тоҷикистон аз коргарони муҳоҷире ҳастанд, ки дар бахши сохтмонсозӣ дар Русия фаъолият мекарданд.
Бештар бихонед: