Июл 04, 2021 13:31 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи маркази матбӯотии нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон

Толибони шуморе аз навоҳии ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, ва бар асоси  Баёнияи маркази матбӯотии нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 3-юми июли соли 2021, соати 18:30 вазъият дар деҳаи Овези вулусволии Хоҳон, вулусволии Шаҳрибузург ва деҳаи Зиракии вулусволии Роғистони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мураккаб гардида, минтақаҳои номбурда аз тарафи ҳаракати “Толибон” тасарруф шуданд. Дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона ҳаракати “Толибон” комендатураи сарҳадии “Овез”-и вулусволии Хоҳонро низ ишғол намуданд.

Бештар аз 300 нафар низомиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба муқовимати мусалаҳона тоб наоварда, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи муҳофизатии байни дидбонгоҳҳои 5-уми “Истиқлол” ва 6-уми “Сариғор”-и Отряди сарҳадии «Ш.Шоҳин» сарҳади давлатиро убур карда, ба худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд.
Сарҳадбонони тоҷик бо назардошти принсипи инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои воридшавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп