Марзҳои давлатӣ меҳвари дидори мақомоти узбак, қирғиз ва тоҷик
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70020-Марзҳои_давлатӣ_меҳвари_дидори_мақомоти_узбак_қирғиз_ва_тоҷик
Ҳайатҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Фарғонаи Узбакистон бо якдигар дидор карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 05, 2021 16:51 Asia/Dushanbe
  • Марзҳои давлатӣ меҳвари дидори мақомоти узбак, қирғиз ва тоҷик

Ҳайатҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Фарғонаи Узбакистон бо якдигар дидор карданд.

Ба нақл аз Эки Пресс, баррасии мушкилоти марзӣ ва бурузи танишҳо ва даргириҳои шимоли Афғонистон аз мавзуоти матраҳшуда дар ин мулоқот буд.

Дар ин дидор ҳамчунин дар бораи навоҳии муштараки марзӣ низ табодули назар шуд.

Дар поён намояндагони 3 кишвар тафоҳумномае ҳам имзо карданд.

Мақомот дар ин мулоқот тасмим гирифтанд, ҷаласаи баъдӣ дар Қирғизистон баргузор шавад.