Июл 05, 2021 17:40 Asia/Dushanbe
  • Ибтилои модари ҳамсари раисҷумҳури Тоҷикистон ба корона

Ӯзбекбӣ Асадуллоева, модари Ҳасан Асадуллозода дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, дар Душанбе бистарӣ карда шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ӯзбекбӣ Асадуллоева дар ҳамин ҷо, дар хонаи писари калониаш Ҳоҷӣ Раҳматулло Саъдуллоев зиндагӣ мекунад.

Ӯзбекбӣ Асадуллоева 88 сол ва 8 фарзанд: 2 духтар ва 6 писар дорад.

Амирулло Холов, писари дигараш чандин сол шаҳрдори Қӯрғонтеппа буд. Амонулло Саъдуллоев як мансабдори пурнуфуз дар ширкати “Барқи Тоҷик” мебошад.

Як духтари ӯ ҳамсари Нахшов, роҳбари филиали “Амонатбанк” дар ноҳияи Сино буд. Нахшов соли 2018 аз олам чашм пӯшид.

Фарзандони машҳуртарини Ӯзбекбӣ Асадуллоева Азизамоҳ Раҳмонова, ҳамсари президент Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллоҳзода, раиси “Ориёнбонк”, яке аз бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон аст.

 

Барчасп