Роҳхати як варзишгари дигари тоҷик ба Олимпиада
Муштзани тоҷикистонӣ ҳадди нисоби ҳузур дар рақобтҳои Олимпиадаи Токио бадаст овард.
Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Сиёвуш Зуҳуров бо Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт.
Сиёвуш тавассути радабандии қоравии гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс имкони иштирок дар 32-юм Бозиҳои Олимпиадаро дар вазни +91кг пайдо намуд.
Бо сабаби пандемияи коронавирус гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонро барҳам дода, квотаҳои пешбинишударо тибқи радабандӣ тақсим намуд.
Сиёвуш Зуҳуров иштирокчии аввалин Бозиҳои олимпии наврасон – Сингапур-2010 буда, дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Ӯ ахиран дар Чемпионати Осиё-2021, ки дар Дубай доир шуд, ҷои панҷумро сазовор гардид.
Бар асоси эъломи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон,
Ҳамин тариқ, ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 11 нафар расид: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳар се бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ва Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ).
Бозиҳои олимпии 2020 Токио аз 23 июл то 8 августи 2021 баргузор мешавад.
Бештар бихонед: