Баргузории рақобатҳои футзали Тоҷикистон
(last modified Tue, 06 Jul 2021 13:00:25 GMT )
Июл 06, 2021 18:00 Asia/Dushanbe
  • Баргузории рақобатҳои футзали Тоҷикистон

Марҳалаи сеюми Лигаи футзали Тоҷикистон бо баргузории дидори тимҳои футзали “Соро компания” ва “Сипар” пайгирӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Olympic.tj, ин бозӣ бо натиҷаи 3-3 анфом ёфт.

Дар ҳайати “Соро компания” легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадӣ ду гол зад. Як голи дигарро Файзалӣ Сардоров ба номаш навишт. Голҳои “Сипар”-ро Баҳодур Хоҷаев, Парвиз Раҳматов ва Шавкат Ҳалимов заданд.

Дар ду бозии дигари даври сеюм “Истиқлол” ва “Помир” баробар бозӣ карда (2:2), “Пойтахт” дар сафар “Самандар”-ро бо ҳисоби 7:3 шикаст дод.

Бо натиҷагирӣ аз се даври бозиҳои лигаи касбии футзали кишвар, “Соро комапния” ва “Сипар” бо 7-холӣ пешсафанд.

Дар даври чорум “Пойтахт” бо “Истиқлол”, “Самандар” бо “Соро компания” ва “Помир” бо “Сипар” вомехуранд.