7 сол зиндон барои яке аз фаъолони сиёсӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70074-7_сол_зиндон_барои_яке_аз_фаъолони_сиёсӣ_дар_Тоҷикистон
Яке аз фаъолони сиёсии Тоҷикистон ба далели бознашри суханронии масъулони созмонҳои сиёсии мамнуа ба 7сол зиндон маҳкум шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 06, 2021 19:08 Asia/Dushanbe

Яке аз фаъолони сиёсии Тоҷикистон ба далели бознашри суханронии масъулони созмонҳои сиёсии мамнуа ба 7сол зиндон маҳкум шуд.

Рустам Муҳаммадҷонови 59 сола аз муассисони Ҳизби демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба далели бознашри навори суханронии масъулони созмонҳои мамнуа дар Тоҷикистон ба 7 сол зиндон маҳкум шуд.

Вай ба далели бознашри наворҳои суханони Шарофиддин Гадоев, яке аз фаъолони мухолифон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба зиндон маҳкум шуд.

Аммо Абдукарим Абдулҳамидов, вакили Муҳамадҷонов ин иттиҳомотро қабул надорад ва ҳукми додгоҳро ноодилона медонад.