Шаҳри Душанбе мизбони конференсияи "Тағйири иқлим дар Осиёи марказӣ"
(last modified Wed, 07 Jul 2021 11:14:02 GMT )
Июл 07, 2021 16:14 Asia/Dushanbe
  • Шаҳри Душанбе мизбони конференсияи \\\
    Шаҳри Душанбе мизбони конференсияи \\\"Тағйири иқлим дар Осиёи марказӣ\\\"

Чаҳорумин конференсияи тағйири иқлим дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Экипресс, чаҳорумин конфаронси Осиёи марказӣ дар заминаи тағйири иқлим  26 то 27 июл дар шаҳри Душанбе  пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Дар ин ҳамоиш намояндагони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Ин аввалин ҳамоиши тахассусист, ки масъулони муҳити зисти кишварҳои Осиёи марказӣ дар ин дар бораи тағйири иқлим ва ҳифозат аз муҳити зист табодули назар хоҳанд кард.

Яке дигар аз мавзӯъоти ин нишаст, баррасӣ ва пешбинии буҷет барои муқобила бо тағироти иқлим аст.

 

Бештар бихонед: