Июл 07, 2021 17:07 Asia/Dushanbe
  • Кумаки ниҳодҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба марзбонони Тоҷикистон
    Кумаки ниҳодҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба марзбонони Тоҷикистон

Дафтари минтақавии мубориза бо ҷинояткорӣ ва маводи мухаддир дар СММ омодааст ба марзбонони тоҷик кумаки фаннӣ расонад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз  Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Ашита Миттал, Роҳбари Дафтари минтақавии СММ оид ба ҷинояткорӣ ва маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ, дар мулоқот  бо сафири Тоҷикистон Абдулҷаббор Раҳмонзода дар бораи вазъи Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард ва омодагии худро барои расонидани кӯмаки техникӣ ба марзбонони тоҷик изҳор кард.

Тарафайн  дар ин  мулоқот ҳамчунин ризояти худро аз раванди тавсеъаи ҳамкории байни Тоҷикистон ва дафтари минтақавии СММ дар умури мубориза бо ҷароиму маводи мухаддир дар Осиёи миёна эълом карданд.

Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир назорати марзҳо аз дигар мавзӯъоти матраҳшуда дар ин дидор буд.

Барчасп