Ҷойгиркунонии ҳазорон паноҳандаи афғон дар марзи Тоҷикистон
Сухангӯи вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз ҷойгиркунонии ҳудуди ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ дар ин минтақа хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи марказӣ,Ғолиб Ниятбеков ба далоили амниятӣ маҳали искони паноҳандагонро эълом накард, аммо гуфт бештари онҳо занон, кӯдакон ва афроди солхурда ҳастанд .
Бинобар суханони вай намояндагони Комисариёии олии паноҳандагони Созмони милал, дафтари Созмони миллал дар умӯри амниятӣ ва дафтари ҳамоҳангкунандаи доими Созмони милал дар Тоҷикистон зимни дидору гуфтугӯ бо Ёдгор Файзов- раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз давлати ин кишвар барои пазируфтани паноҳандагони афғонӣ ташаккур карданд .
Сухангӯи раиси Бадахшони Тоҷикистони афзуд : Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ таъкид карданд, ки пазириши паноҳандагони афғонистонӣ ، ба вижа дар шароити вахими минтақа ва густариши дубораи корона дар Тоҷикистон намунае аз эҳсоси инсондӯстӣ ва масъулиятпазирии мақомоти Тоҷикистон аст .
Ёдгор Файзов ҳам дар ин ҷаласа изҳор кард : Мақомоти минтақаи Бадахшони Тоҷикистони низ бо тамоми имконоти давлатӣ ва кумакҳои мардумӣ саъй мекунанд бо ҳамкории созмонҳои байналмиллалӣ ба паноҳандагони афғонистонӣ хизматрасонӣ кунанд .
5 июл нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар мавриди паноҳ овардани 1037 низомии афғонистонӣ ба хоки ин кишвар хабар дода буд .