Пирӯзии тими футболи “Истаравшан” дар масоф бо тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70196-Пирӯзии_тими_футболи_Истаравшан_дар_масоф_бо_тими_Истиқлол_и_шаҳри_Душанбе
Тими футболи “Истаравшан” тавонист тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанберо шикаст диҳад.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июл 09, 2021 16:35 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими футболи “Истаравшан” дар масоф бо тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе

Тими футболи “Истаравшан” тавонист тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанберо шикаст диҳад.

Ба гузориши сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа тими футболи “Истаравшан” бо натиҷаи 2 бар 1 аз сади тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе убӯр кард.

Ин аввалин шикасти тими “Истиқлол” дар фасли ҷадид аст.

Голҳои тими “Истаравшан”-ро Илҳом Баротов ва Бахтиёра Абдураҳмонов ба самар расонданд ва як голи тими “Истиқлол”-ро Рёта Нома вориди дарвозаи ҳариф кард.

Имсол дар Лигаи футболи Тоҷикистон тимҳои Хуҷанд, Истаравшан, Истиқлоли шаҳри Душанбе, Эсхатаи шаҳри Хуҷанд, Бохтар, Равшани Кӯлоб , Файзканди ноҳияи Восеъ ва Куктоши ноҳияи Рӯдакӣ ҳузур доранд.