Июл 09, 2021 18:09 Asia/Dushanbe
  • Боздиди сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз маҳали истиқрори паноҳандагони афғонистонӣ

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз маҳали истиқрори паноҳандагони афғонистонӣ боздид кард.

Муҳаммад Зоҳир Ағбар чанд акс аз чодарҳо ва паноҳҷуёни афғонӣ дар яке аз навоҳии марзии Тоҷикистону Афғонистон дар сафҳаи Фейсбуки худ мунташир кард.

Сафири Афғонистон навиштааст, ки рӯзи панҷшанбеи 17-уми саратони 1400 (8-уми июли 2021) бори дувум ба дидани вазъияти шаҳрвандони Афғонистон, ки аз ваҳшати "Толибон" аз вулусволиҳои Бадахшон ба хоки Тоҷикистон паноҳанда шудаанд, ба манотиқи сарҳадии Тоҷикистон рафт.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи вуҷуди ин шаҳраки хаймаҳо дар яке аз нуқоти марзӣ чизе нагуфтаанд.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон маҳали дақиқи истиқрори паноҳҷӯёнро эълом накард, аммо гуфт, ки бо онҳо дар хаймаҳо суҳбат кардааст.

Яке аз манобеи хабарӣ гуфтааст. ки ба далоили амниятӣ, маҳали истиқрори паноҳҷӯён набояд гуфта шавад.

Бино ба иттилои ин манбаъ, ин паноҳҷӯён асосан низомиён буда, дар миёни онҳо баъзе занону кӯдакони аъзои хонаводаҳои ин низомиён ҳам ҳастанд, ки шумораашон зиёд нест ва дар яке аз нуқтаҳои марзии вилояти Хатлон ҷойгиранд.

Ҳамчунин Муҳаммад Зоҳир Ағбар нагуфтааст, ки ин паноҳҷӯён низомиён ҳастанд ё шаҳрвандони мулкӣ, аммо аз аксҳо дида мешавад, ки ин паноҳҷӯён синну соли гуногун дорад.

Сафири Афғонистон навиштааст, ки ба мардум итминон додааст, ки вазъият тағйир мекунад ва онҳо ба хонаҳояшон бармегарданд.

Зоҳири Ағбар навиштааст, ки дар ин мулоқоташ бо паноҳҷӯёни кишвараш "аз мардуми дӯст ва бародари Тоҷикистон сипосгузорӣ намуда, ки ҳамворӣ дар чунин шароити сахт ва душвор оғӯши худро барои бародаронашон аз Афғонистон боз нигаҳ доштааст. Мардуми Афғонистон ҳеч гоҳе ҳамкорӣ ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистонро фаромӯш нахоҳанд кард".

Тоҷикистон 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп