Июл 09, 2021 18:55 Asia/Dushanbe
  • Авзои Афғонистону Осиёи Марказӣ меҳвари ройзании мақомоти тоҷик ва СПАД

Вазири дифои Тоҷикистон ва раиси Ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо якдигар дидор карданд.

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва Анатолий Сидоров, раиси Ситоди муштараки СПАД дар шаҳри Душанбе бо якдигар дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ин музокирот вазъияти феълии сиёсӣ, низомӣ ва роҳбурдии Осиёи Марказӣ бо тавваҷуҳ ба ташдиди авзоъ дар Афғонистон баррасӣ шуд.

Афзоиши омодагии муштараки амалиётӣ ва размии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, роҳҳои ироаи кумакҳои низомӣ ба кишварҳои дархосткунанда ва паноҳовардани шаҳрвандону низомиёни афғонистонӣ ба хоки Тоҷикистон аз мавзуоте буд, ки дар ин ҷаласа дар бораи он машварат шуд.